12-15 июли соли 2022 Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Сулотон Раҳимзода дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор бо раиси Гурӯҳи кишварҳои Осиё ва Африқо хонум Илана Виктория Саид, раиси Гурӯҳи 77 ва Хитой Мунир Акрам, раиси Гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Баҳри Кариб хонум Мениса Рамбалли ва раиси Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тарақии маҳсур дар хушкӣ ҷаноби Колен Килапиле вохӯрӣ анҷом дод.
С.Раҳимзода оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли мусбати масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, дар бораи натиҷаҳои Конфронси дуввуми байналмилалии Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) маълумот дод.
Бо дарназардошти натиҷаи босамари ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони гурӯҳи кишварҳои мазкур аҳаммияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ шуда, зарурати таҳкими ҳамкории муштарак дар робита ба мавзӯъ таъкид гардид.
Қобили зикр аст, ки мақсади вохуриҳои мазкур баррасии мавқеи гуруҳҳои зикршуда дар мавриди раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) буд.