14 июли соли 2022 Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Доминикан дар СММ ҷаноби Хосе Альфонсо Бланко Конде вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот С.Раҳимзода аз аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид карда, натиҷаҳои Конфронси дуввуми байналмилалии Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028-ро ба он ҷониб пешкаш кард. Тазаккур дода шуд, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе ҳамчун чорабинии муҳимми тадорукотӣ саҳми арзандаи худро барои Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) хоҳад гузошт.
Инчунин, Фиристодаи вежа дар бораи аҳаммияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қайд карда, таҳкими ҳамкории муштаракро дар пешбарӣ ва татбиқи ин иқдом муҳим хонд.
Дар посух, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Доминикан натиҷаҳои Конфронси Душанберо ҳамчун чорабинии муҳимми байналмилалӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси 2023 истиқбол карда, омодагии кишварашро барои дастгирии ин чорабинӣ ва иқдоми навбатии кишвар оид ба ҳифзи пиряхҳо изҳор кард.
