16 июни соли 2022 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар брифинги Муовини Дабири кулли СММ/Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ бо намояндагони доимии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, иштирок ва суханронӣ кард.
Намояндаи доимии кишвар зимни баромади худ дар бораи натиҷаҳо ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии СММ табодули афкор намуд.
Инчунин дар чорабинии мазкур ба ҳозирин маълумоти фарогир дар бораи “Раванди Душанбе” оид мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, брифинг роҷеъ ба муаррифии “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025” (22.04.2022) ва раванди омодагӣ ба баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз гардиши террористон”, ки 18-19 октябри 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пешниҳод гардид.