15 июни соли 2022 вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози вежа оид ба бӯҳрони гурезаҳо ва муҳоҷирон Афшан Хан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-ро мавриди муҳокима қарор дода, ба раванди Барномаи нави кишварӣ дар Тоҷикистон ва имзои «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор байни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2023-2026» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.