Мулоқот бо роҳбари Намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон

16.06.2022 16:32

16 июни соли 2022 вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2023-2027, рушди устувори иқтисодӣ, иқтисоди сабз, мавзӯи обу иқлим, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби Раванди оби Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Инчунин натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки 6-9 июни соли 2022 дар ш.Душанбе доир гардид, мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт.

UNDP-RC-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg