Мулоқот бо Ёвари Дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ

25.05.2022 10:29

25 майи соли 2022 Намояндаи доимии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Ёвари Дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ Мирослав Енча мулоқот кард.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо дар баробари мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак, ҳамчунин вазъи амнияти минтақавӣ ва паёмаду таъсири равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии муосирро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, ҳамсӯҳбатон омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои марбута изҳор намуданд.

PR-wit-Jenca.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg