Вохӯрӣ бо муовини мудири иҷроияи ниҳоди СММ-Занон

20.05.2022 10:06

19 майи 2022 дар ш. Ню-Йорк вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо ёвари Дабири кулли СММ, муовини мудири иҷроияи ниҳоди “СММ-Занон” оид ба идоракунии захираҳо, устуворӣ ва шарокат Анита Бҳатиа мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Ш. Амонзода ва А. Бҳатиа оид ба масъалаҳои мубрами раванди муҳоҷират бо ишора ба мавзуи занон ибрози андеша намуданд.

Инчунин, ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ба мақсади зарфиятсозӣ ва пурзур намудани фаъолият дар татбиқи барномаҳои таъмини шуғли занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.

IMRF-UN-WOMEN.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg