18 майи 2022 дар ҳошияи якумин Форуми байналмилалии бознигарии масъалаи муҳоҷират, мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаии Умумии СММ Абдуллоҳ Шаҳид баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба аҳаммияти баргузории Форуми байналмилалии бознигарии масъалаи муҳоҷират ҷиҳати муайян намудани мушкилоту чолишҳо ва талошҳои муштарак барои рафъи онҳо ибрози ақида намуданд.
Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаии Умумии СММ Абдуллоҳ Шаҳид нақши муассир ва фаъоли кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуд.