5 майи соли 2022 Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода, ки барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба самти сайёҳӣ ба Ню-Йорк ташриф дошт, бо Намояндаи доимии Ӯзбекистон дар СММ Бахтиёр Ибрагимов мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи рушди соҳаи сайёҳӣ ва аҳаммияти он барои расидан ба ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор табодули афкор намуданд.
Инчунин, бояд қайд кард, ки масъалаи татбиқи барномаҳои муштарак барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ мавриди таваҷҷуҳи махсуси тарафайн қарор дошт.