Мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Барномаи рушди СММ

06.05.2022 08:15

5 майи соли 2022 Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода бо директори Раёсати дастирии сиёсат ва дастгирии барномаҳо Ҳаолиан Сю ва муовини директори Раёсати минтақавии БРСММ оид ба кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил Марина Уолтер мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат Т.Ҷуразода оид ба таъсири ҳамагирии Ковид-19 ба соҳаи сайёҳӣ ва мушикилоҳое, ки дар роҳи рушди устувори ин соҳа монеъаҳо эҷод мекунанд, маълумот дод.

Инчунин, ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориро бо БРСММ дар ин самт муҳим хонда, имконияти коркарди лоиҳаҳои муштаракро барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Touris-UNDP.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg