4 майи соли 2022 вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода бо Вазири соҳаи сайёҳии Малдив Абдулло Мавсум доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз аҳаммияти рушди соҳаи сайёҳӣ таъкид карда, оид ба табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳо дар ин соҳа мароқ зоҳир намуданд.