Мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ

04.05.2022 07:43

4 майи соли 2022 дар ш. Ню-Йорк дар доираи мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд зери унвони “Дар марказ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсоозии фарогир” мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили доир гардид.

Зимни мулоқот Т. Ҷуразода бо Зураб Пололикашвили дар бораи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар пасманзари ҳамагирии Ковид 19 табодули афкор намуданд.

Инчунин, ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаркро баррасӣ карданд.

tOUR-wto.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg