Иштирок дар мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд зери унвони “Дар марказ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсоозии фарогир”

05.05.2022 07:22

4 майи соли 2022 Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Тоҷиддин дар Мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд зери унвони “Дар марказ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсоозии фарогир”, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти суханронӣ, намояндаи кишвар оид ба таъсири ҳамагирии Covid-19 ва тағйирёбии иқлим ба соҳаи сайёҳии кишвар маълумот дода, аз таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза ба ин чолишҳо ва чораҳои андешидашудаи кишвар ҷиҳати барқарор кардани соҳаи мазкур гуфт.

Боиси зикр аст, ки дар ифтитоҳи чорабинии мазкур Президенти 76-иҷлоси МУ СММ Аблулло Шаҳид, Муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад, Дабири Кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили ва вазирони як қатор кишварҳои узви СММ баромад намуда, рушди соҳаи сайёҳиро барои татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушд устувор ва ҳаллу фасли чолишҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ муҳим хонданд.

Tourism-GA-n.jpg

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg