Мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти иҷлоси 76 – уми МаҷмаиУмумии СММ

04.05.2022 07:13

3 майи соли 2022 мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода , ки бо мақсади иштирок дар Мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд зери унвони “Дар марказ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсоозии фарогир”дар Ню-Йорк ҳузур доранд, бо Президенти иҷлоси 76 – уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шаҳид баргузор гардид.

Тарафайн аз аҳаммияти чорабинии мазкур барои баррасии мушкилиҳои соҳаи мазкур дар пасманзари ҳамагирии КОВИД-19 ва дигар чолишҳои ҷаҳони имрӯза таъкид карда, барқарорсозии зудтари ин соҳаро барои рушди кишварҳои рӯ ба тараққӣ амри зарурӣ хонданд.

Дар рафти вохӯрӣ Т.Ҷуразода инчунин оид ба коркарди барномаҳои миллӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва дастовардҳои кишвар дар ин самт маълумоти муфассал пешкаш кард.

Tour-PGA-n.jpg

Tour-PGA2-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg