Мулоқот бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист

28.04.2022 06:55

28 апрели 2022 мулоқоти маҷозии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон доир гардид.

Мавзуи асосии вохӯрии мазкурро роҳҳои татбиқи ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташкил кард.

Инчунин, дар рафти мулоқот нақшаҳои оянда барои пешбарии иқдоми зикршуда дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Envir-kom.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg