Брифинги сатҳи баланд роҷеъ ба муаррифии“Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизмбарои солҳои 2021-2025” дар Қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк

23.04.2022 02:22

 

22 апрели соли 2022 дар қароргоҳи СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) ва Иттиҳоди Аврупо бори нахуст брифинги сатҳи баланд роҷеъ ба муаррифии “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025” ва нақшаи амали он баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳайатҳои кишварҳои узв ва коршиносони ниҳодҳои СММ оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии хушунатомез ва терроризм, инчунин намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, минтақавӣ ва тахассусӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи чорабинии мазкур инъикоси пешрафт ва талошҳои кишвар дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ тибқи стратегияҳои қабулшуда ва нақшаҳои амалӣ буд.

Дар қисми ифтитоҳӣ Муовини Дабири кул, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ Олаф Скуг, роҳбари бахши ҳуқуқӣ ва мубориза бо терроризми Намояндагии доимии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар СММ Нидаа Абу Алӣ, Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва намояндаи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Армандс Пуполс суханронӣ намуданд.

Сипас, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод рӯнамои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 ба ҳозирин манзур намуд. Дар рӯнамои Стратегия вобаста ба тамоюлҳо ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии кишвар дар соҳаи мубориза бо терроризм маълумоти муфассал пешниҳод гардида, мусоидати кишварҳои узв ва ниҳодҳои СММ ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегия муҳим дониста шуд.

Дар рӯнамои Стратегия вобаста ба тамоюлҳо ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии кишвар дар соҳаи мубориза бо терроризм маълумоти муфассал пешниҳод гардида, мусоидати кишварҳои узв ва ниҳодҳои СММ ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегия муҳим дониста шуд.

Гузашта аз ин, дар рӯнамо оид ба талошу иқдомҳои кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ маълумот пешниҳод гардид.

Қобили зикр аст, ки намояндаҳои Ӯзбекистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Чин, Умон, Австралия, Тунис, Монголия, Парагвай, Латвия, Туркия, Сингапур, Арманистон, Баҳрайн, Эрон ва Марокко зимни баромади худ саҳм ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва назаррас арзёбӣ намуданд.

HLB-2.jpg

 

HLB-4.jpg

 

HLB-1.jpg

 

HLB-Hall.jpg

HLB-Hall-77.jpeg

 

HLB-Monitor.jpg

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg