Мулоқоти маҷозӣ бо Муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

13.04.2022 10:41

11 апрели соли 2022 мулоқоти маҷозии фиристодагони вежаи Тоҷикистон ва Нидерландия оид ба масъалаҳои об, Султон Раҳимзода ва Ҳенк Овинк ва Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад доир гардид.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории муштарак бо СММ дар самти пешбурди ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ва бо муваффақият баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва иштироки хонум Амина Муҳаммад дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” (Душанбе, 6-9 июни 2022) мубодилаи афкор намуданд.

Ameena.jpg

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg