ЭЪЛОН

29.03.2022 18:24

Ба таваҷҷуҳи соҳибкорон ва тоҷирони  Тоҷикистон!

Шаҳрвандони муҳтарам,

Дар робита ба нашри  Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 9 марти соли 2022 № 311 «Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 8 марти соли 2022 № 100» ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки тибқи ин ҳуҷҷат содироти молҳои дар замимаи Қарори мазкур  зикргардида ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст.

Дар Қарор  ҳолатҳое низ муайян карда шудаанд, ки нисбати онҳо манъи содироти муқарраршуда татбиқ намегардад.

Бо матни пурраи Қарори болозикр метавонед дар сомонаи  Ҳукумати ФР шинос шавед.

http://government.ru/docs/all/139702/

Ҳамчунин дар робита ба  нашри  Қарори дигари Ҳукумати Федератсияи Россия аз 14 марти соли 2022 № 362 «Дар бораи ҷорӣ намудани манъи муваққатии содироти зироатҳои ғалладонагӣ берун аз қаламрави Федератсияи Россия» ба таваҷҷуҳ мерасоем, ки  тибқи ин ҳуҷҷат аз 15 март то 30 июни соли ҷорӣ  барои содироти молҳои дар банди 1- и  ин Қарор нишондодашуда   аз қаламрави  Федератсияи Россия манъи муваққатӣ муқаррар гардидааст.

Дар Қарор ҳолатҳое низ муайян карда шудаанд, ки насбати онҳо манъи содироти муқарраршуда   татбиқ намегардад.

Бо матни пурраи Қарори номбурда метавонед дар сомонаи  Ҳукумати ФР шинос шавед.  

http://government.ru/docs/all/139803/

Лутфан, ҳангоми убури марз қоидаҳои номбаршударо риоя кунед!

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg