Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.01.2015 08:10

Бо Фармони Президенти
                                                                          Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27январи соли 2015, №332
                                                                            тасдиқ  шудааст
 

 

КОНСЕПСИЯИ
сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) санади сиёсиест, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд.

1.2. Зарурати таҳия ва қабули ин Консепсия аз мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI бармеояд. Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатарҳову чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ  таъмин кунад.

1.3. Заминаи ҳуқуқии Консепсияро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти давлатии кишвар дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

1.4. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ месозад:

- эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар;

- эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон;

- иҷрои уҳдадориҳое, ки аз ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд;

- риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ;

- орӣ будани муносибатҳои байнидавлатӣ аз идеология, барқарор намудан ва густариш додани робитаҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон;

- напазируфтани ҳама гуна шаклҳои поймол намудани ҳуқуқ дар амалияи байналмилалӣ.

1.5. Консепсия манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ифода мекунад, ки онҳо дар марҳилаи кунунӣ ва ояндаи наздик аз инҳо иборатанд:

- ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва  таъмини амнияти миллии он; эҷоди навори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар;

- инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар;

- таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар;

- таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар;

- тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд;

- мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ

2.1. Воқеияти даҳаи дуюми садаи XXI баёнгари он аст, ки рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоно дар давраи гузариш қарор дошта, низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ дар ҳоли ташаккул мебошад. Дар манзари геополитикии ҷаҳони муосир, дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифта, боиси тағйироти муассир дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мегарданд.

2.2. Вусъати рӯзафзуни раванди ҷаҳонишавӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои замони муосир дониста мешавад. Ин раванд дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу кишварҳо ва ташаккули низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ миёни онҳо, ҳамзамон метавонад пайомадҳои номатлуберо, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайра ба дунбол дошта бошад. Илова бар ин, таҳти таъсири бевоситаи раванди ҷаҳонишавӣ мушкилот ва таҳдиду чолишҳои замони муосир низ хусусияти глобалӣ касб карда, ба  омилҳои нигаронкунандаи ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтаанд. Ин таҳдиду чолишҳо чунин гурӯҳбандӣ мешаванд:

- рушди ноустувор ва нобаробари  иқтисодӣ, шиддат ёфтани рақобат ҷиҳати дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва захираҳои стратегӣ, афзоиши буҳронҳои молиявиву иқтисодӣ;

- вусъати терроризми байналмилалӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор ва силоҳ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

- густариши ифротгароии сиёсию мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмиву нажодӣ, бархӯрди тамаддун ва тамоюлҳои идеологӣ;

- низоъҳои дохилидавлатӣ ва минтақавӣ, таассуб ва ҷудоихоҳии қавмиву нажодӣ, ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон;

- афзудани мушкилоти демографӣ, фақру нодорӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати оммавии идоранашаванда;

- камбудӣ ё норасоии захираҳои ҳаётан муҳими моддӣ, пеш аз ҳама обу ғизо;

- тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ ва беҳдоштию эпидемиологӣ.

2.3. Дар баробари хатару чолишҳои мазкур, ки ба амнияти низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи таркибии ин низом таҳдид мекунанд, ҳамчунин омилҳои минтақавии зерин вуҷуд доранд, ки барои манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатарзо маҳсуб мешаванд:

- бино ба мавқеи ҷуғрофии худ, қарор гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари манфиатҳои геополитикии ҷаҳони муосир;

- наздикии Тоҷикистон ба минтақаҳои хушунатбор, манбаъҳои зуҳури терроризм, марказҳои таълими ифротгароӣ ва маҳалҳои тавлиди воситаҳои нашъадор;

- тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар минтақа;

- имкони истифодаи қаламрави кишвар барои қочоқи байналмилалии моддаҳои нашъадор ва интишори ғояҳои ифротгароӣ;

- ҳалношуда боқӣ мондани масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи марзҳо миёни кишварҳои минтақа ва имкони барангехтани низоъҳо миёни қавму халқҳои минтақа;

- вуҷуди монеаҳои гуногун дар ҷодаи ҳамгироии муассири минтақавӣ, рафтуойи озоди одамон ва ҳамлу нақли бемамониати молу хизматрасонӣ;

- набудани ҳамкории воқеӣ дар истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикии минтақа;

- афзудани шиддати мушкилоти демографӣ ва экологӣ дар   минтақа ва имкони истифодаи онҳо ҷиҳати барангехтани муқовимат дар ҷомеа.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду чолишҳои  глобалии мавҷуда ва омилҳои минтақавии мазкур таҳия ва татбиқ мегардад.

2.4. Ҳадафи аслӣ ва асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоят ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мегардад.

2.5. Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамтиро, ки ба талаботи манфиатҳои олии давлативу миллӣ ҷавобгӯ буда, ҳадафи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни олам пайгирӣ мекунад ва ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст, татбиқ менамояд.

2.6. Бо дарназардошти мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имкониятҳои табииву демографӣ ва сатҳи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии он, сиёсати хориҷии кишвар ба таври воқеъбинона ва амалгароёна ба роҳ монда мешавад. Он бо эҳтиёҷоти иқтисодии давлат робитаи узвӣ пайдо намуда, таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми робитаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва дастгирии сиёсию дипломатии манфиатҳои иқтисодии онро ҳадафи худ қарор медиҳад.

2.7. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд  густариш диҳад.

2.8. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати шаффоф ва қобили пешгӯӣ буда, он аз асли эътироф ва пойбандии кишвар ба шартномаҳои байнидавлатӣ ва меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ бармеояд.

2.9. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигар буда, ҳадафи эҷоди навори эътимоду амниятро дар тӯли марзи кишвар пайгирӣ мекунад. Ин сиёсат дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масоили сарҳадӣ ва обу энергетика ба ҳалли осоиштаи онҳо ба воситаи музокироту гуфтушунидҳо, ҳусни тафоҳуми ҷонибҳои дахлдор ва эътирофи усули баробарӣ ва тақсимнопазирии амният дар минтақа такя мекунад.

2.10. Бо дарназардошти вусъати рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодии бисёрҷониба ва гуногунсатҳ дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ равона шудааст, то бад-ин васила Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ саҳм гузорад ва имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар ҷалб намояд.

2.11. Бино ба тавсеаи равандҳои муҳими геополитикии минтақавию байналмилалӣ ва глобализатсионии ҷаҳони муосир, Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи тавозуни байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии ҳар як кишвар, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли ҳар як давлат, фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро, сарфи назар аз иқтидор, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии нерӯҳо, ба ҳайси асоситарин ва муҳимтарин меъёрҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ дар амал мешиносад ва итминон дорад, ки ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо бояд якдигарро пурра созанд ва кафили боэътимоди рушди устувори муносибатҳои байналмилалӣ бошанд.

2.12. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки низоми нави ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии милливу диниву тамаддунӣ комилан озод бошад ва ба ҳамкориву шарокати баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад, ҳама гуна таҳдидҳо бар сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда ва дар асоси аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама Оинномаи СММ ҳамчун созмони асосии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ бартараф карда шаванд.

2.13. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди василаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳо барои омода намудани вокуниши муносиб дар баробари таҳдид ва чолишҳои замони муосир мебошад. Дар сатҳи миллӣ, Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими унсурҳои калидии сиёсати хориҷии худ барои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ, тундгароии мазҳабӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хавфҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ ва озуқаворӣ тадбирҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва махсусро роҳандозӣ менамояд.

3. Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавиятҳои сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои волои миллӣ муайян ва амалӣ менамояд.
Хусусиятҳои геосиёсиву геоиқтисодии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза тақозо мекунанд, ки ин афзалиятҳо пайваста мавриди бозбинӣ қарор дода шаванд. Онҳо бо дарназардошти сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида ё гурӯҳи давлатҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин бино ба ниёзҳои манфиатҳои милливу давлатӣ метавонанд тағйир пазиранд.

3.1. Дипломатияи дуҷониба  

Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии муносибатҳои дарозмуддату босуботро бо шарикони анъанавии худ – давлатҳои иштирокдори  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ меҳисобад ва бо дарназардошти консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ дар доираи Иттиҳоди мазкур барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо онҳо саъй хоҳад намуд.

Бо дарназардошти мавқеи Федератсияи Россия дар ҷаҳон ва минтақа, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ва таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва шарокати стратегӣ бо ин кишвар аҳамияти хосса дорад.

Тавсеаи муносибатҳо бо Федератсияи Россия дар асоси баробарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ба ҳисоб меравад.   

Дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Тоҷикистон ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар равобит бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор омилҳои муайянкунанда ба ҳисоб мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсаташро бо ин кишвари ҳамсоя ҳамеша дар асоси эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва хайрхоҳӣ пеш хоҳад бурд.

Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон бар пояи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд тақозо мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад.

Густариши ҳамкориҳо бо Украина, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Арманистон яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рушди босубот ва устувори ин кишварҳо аз оғози ҳазорсолаи нав барои расидан ба ин ҳадаф шароити заруриро фароҳам овардааст.

Таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Осиё ба шумор меравад. Ин муносибатҳо бо ирода ва талошҳои ду ҷониб то ба сатҳи шарокати стратегӣ расидаанд ва заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ фароҳам овардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, оромӣ, амният ва суботи сиёсии ин кишвари ҳамҷаворро ҷавобгӯи манфиатҳои миллии худ медонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Афғонистонро дар ҳалли ҳамаҷонибаи қазияи кишвар ва эҳёи иқтисодии он дар марҳалаи гузариш ба Афғонистони худкифо пуштибонӣ мекунад ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судмандро бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя бар мабнои муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии миёни ду халқ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ мешуморад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон низ омили муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам муносибатҳои пойдори дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди гуногунсоҳаро бо ин кишвар бар пояи дуҷониба ва бисёрҷониба беш аз пеш тавсеа хоҳад бахшид.

Масъалаҳои вусъат додани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва тадриҷан ворид шудани иқтисоди миллӣ ба низоми равобити иқтисодии ҷаҳонӣ беш аз пеш тақвият додани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон талаб мекунад. Истифодаи таҷрибаи он кишварҳо дар иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, илму техника, фарҳанг, фановарии ҳозиразамон барои рушди сиёсиву иқтисодии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти нуфуз ва нақши бузурги Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ минбаъд низ саъю кӯшиш мекунад, ки бо ин давлат робитаҳои гуногунҷанбаро дар асоси татбиқи манфиатҳои мутақобилан судманд инкишоф диҳад ва хусусияти шарикии онҳоро нигоҳ дорад.

Бино ба пешрафти назаррас ва афзоиши нақшу эътибори байналмилалии кишварҳои Америкаи Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ, монанди Канада, Ҷумҳурии Куба, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика, Ҷумҳурии Федеративии Бразилия ва Ҷумҳурии Аргентина, баҳрабардорӣ аз ҳамкориҳои самарабахш бо онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад.   

Аз оғози асри XXI дар муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тағйироти куллии мусбат ба вуқӯъ пайваст ва ин тамоюл сол аз сол тақвият меёбад.

Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии худ мешуморад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, ки бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судмандии мутақобил густаришу инкишоф диҳад.

Ин ҳамкорӣ, дар маҷмӯъ, ниҳодҳои гуногуни Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Шӯрои Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва созмону сохторҳои дигарро дар бар хоҳад гирифт.

Дар баробари ин, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеративии Германия, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Франсия, Ҷумҳурии Италия, Шоҳигарии Испания, Конфедератсияи Швейтсария, Шоҳигарии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Чехия, Ҷумҳурии Полша, кишварҳои соҳили Балтика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми авлавиятнок доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ, аз ҷумла Япония, Ҷумҳурии Корея, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Индонезия, Малайзия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Сингапур ва кишварҳои дигари минтақа аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад. Вазъи муносибатҳои дуҷониба бо ин кишварҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Япония ба сифати шарики боэътимод ва кишвари мададрасон манфиатдор буда, робитаҳои худро бо ин кишвари дӯст мустақиман ва аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тавсеаи бештар хоҳад дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи ҳамкории мутақобилан судмандро бо Ҷумҳурии Туркия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармоягузории он кишвар ба иқтисодиёти Тоҷикистон, истиқбол менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти нақшу таъсири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақа ва ҷаҳон, равобити бисёрасраи таърихиву фарҳангии халқи тоҷик бо мардуми Ҳиндустон, инчунин имкониятҳои васеи иқтисодиву фановарии он, ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо ин кишвар густаришу таҳким хоҳад дод.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими муносибатҳои сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, бо дарназардошти имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мавқеи геостратегии он, аҳамияти хосса дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба  густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй менамояд. Ба манзури таҳкими муносибатҳо бо ҷаҳони араб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ густариш хоҳад дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба нуфузу эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб дар сиёсати минтақа ва ҷаҳон ба густариши муносибатҳои ҳамкорӣ  алоқаманд аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи Африқоро ба ҳайси самти ояндадори ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ мекунад. Ба ин муносибат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии шимоли Африқо, мисли Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, Ҷумҳурии Тунис, Давлати Либиё ва кишварҳои марказиву ҷанубии ин қитъа, аз ҷумла Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мозамбик ва ғайра саъй хоҳад намуд.

Дар самти Уқёнусия, дар мисоли Австралия ва Зеландияи Нав имкониятҳои нави густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун пайдо шуда истодаанд. Истифодаи ин имкониятҳо яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3.2. Дипломатияи бисёрҷониба

Дар шароити густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар арсаи ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳову ниҳодҳои минтақавию байналмилалиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ мешуморад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ин созмону ниҳодҳоро василаи муҳими муборизаи дастҷамъона бо хатару чолишҳои  глобалии замони муосир, саҳнаи бебадали ҳаллу фасли ихтилофот ва мушкилот дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва василаи муассири таҳкими амнияту суботи ҷаҳонӣ медонад ва бо мақсади саҳм гузоштан дар эҷоди низоми наву одилонаи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллии худ дар чаҳорчӯби онҳо ба таври фаъол ва густурда иштирок менамояд.

Дар ин замина муносибот бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ афзалият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тақвият додани нақши муттаҳидкунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар асри XXI мебошад ва онро ба ҳайси ягона ниҳоди танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дорои салоҳияти қабул намудани қарорҳои вобаста ба амалиёти дастҷамъона дар мавриди ҳифзи сулҳ ва таҳкими амнияти низоми байналмилалӣ мешиносад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки ислоҳоти фарогири СММ, аз ҷумла Шӯрои Амнияти он, ҷиҳати мутобиқ гардонидани фаъолияти ин созмон ба ниёзҳо ва воқеиятҳои ҷаҳони имрӯза  тақозои замон аст.

Таъмину пуштибонии манфиатҳои миллӣ ва пешбурди фаъолонаи ташаббусу иқдомоти созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии  он, ҳамчунин саъю талош ҷиҳати касби узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мақомот ва сохторҳои интихобии СММ яке аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурдаро бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ба манфиатҳои миллии худ созгор медонад ва аз имкониятҳои ин созмон ба ҳайси саҳнаи муаррифии дастовардҳои фарҳангиву маънавии халқи тоҷик ва ҳифзу эҳёи мероси моддӣ ва ғайримоддии он ба таври фаъол истифода менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдори инкишофи ҳамкориҳои самарабахш бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои он буда, аз таҷриба ва имкониятҳои сиёсӣ ва зеҳнии ин созмон дар соҳаи демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, таъмини амнияту субот ва ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳитзистӣ истифода хоҳад бурд.

Ширкати ҳамаҷониба дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои иштирокдори он аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ИДМ-ро дар ҳифз ва рушди робитаҳои анъанавии давлатҳои иштирокдори он дар заминаи усулан нав ва бар пояи консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ баланд арзёбӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси сохторҳои гуногуни ҳамгироии иқтисодиву амниятӣ дар заминаи ИДМ, аз қабили, Фазои Ягонаи Иқтисодӣ, Иттиҳоди Гумрукӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро  тақозои айнии равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ медонад ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва бо ҳадафи истифодаи имконоту иқтидорҳои созандаи онҳо ба нафъи кишвар ба рушду такомули ин равандҳо мусоидат мекунад.

Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳадафи таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур, инчунин таъмини амнияту оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаро пайгирӣ мекунад. Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти беш аз пеши нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, ҳамкорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва густариши муколамаи фарҳангӣ ба нафъи ҳамгироии минтақавӣ аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва тамаддунию динии хеш бо кишварҳои ҷаҳони ислом ҷонибдори ҳамкориҳои фаъолу судманд бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои тахассусии он мебошад. Тоҷикистон, бино бар зарурати ҳаётӣ ва таъхирнопазири ба сатҳи навини пешрафт ва рушд баровардани ҷаҳони ислом ва рафъи мушкилоти мавҷуда ва афзоишёбандаи он, таҳия ва татбиқи Стратегияи рушди ҷаҳони исломро мувофиқи мақсад медонад, ки ҳадафи меҳварии он бояд рушди сареъ, босубот ва мутавозини иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии кишварҳои аъзои созмон бошад.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба густариши ҳамкориҳои судманд бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ манфиатдор аст ва ин созмонро чун ташкилоти минтақавии дорои аҳамияти хоссаи геостратегӣ ва имкониятҳои бузурги иқтисодӣ мешиносад. Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори он аст, ки фаъолияти Созмон дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва энергетикӣ тақвияти бештар касб кунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ба ҳам овардани саъю талошҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои умдаи рушди қитъаи Осиё, густариш ва бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардонидани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё саҳм гирифта, барои тақвияти нақши он манфиатдор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни самтҳои муқарраршудаи ҳамкориҳо дар доираи Муколама паст кардани сатҳи фақру нодорӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии пойдори аҳолии қитъаи Осиё ба эҳтиёҷоти асосӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷомеа  нисбат  ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, таҳкиму густариши зербинои  минтақавӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ оид ба масъалаҳои энергетикаро дар мадди аввал мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳамаҷониба аз ғояи таҳкими тадбирҳои эътимод ва амният дар қитъаи Осиё ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд дар ин самт барои тавсеаи муносибатҳои худ бо Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) чораҳои зарурӣ меандешад ва имконияти Машваратро дар ҷустуҷӯи муштараки усулу воситаҳои ҳалли мушкилот ва рафъи хатарҳои фаромилливу  фаромарзӣ дар қитъа ва тақвияти ҳамбастагӣ миёни давлатҳои иштирокдор муҳим арзёбӣ мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкории фарогирро бо ҳамёрони худ ҷиҳати  таҳкими амнияти милливу давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мешуморад ва узвияташро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) посухгӯ ба манфиатҳои миллӣ медонад. Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин Созмон ҳадафи эҷоди василаҳои самарабахши мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосирро пайгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, узвияти кишвар дар Созмон аз омилҳои муҳими таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи субот дар минтақа маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон ба Барномаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) «Ҳамкорӣ баҳри сулҳ» шарик шуда, ҳамкориро бо он созмон ба манфиати нигоҳдории амнияту субот ва ташкили фазои эътимод дар тамоми қаламрави Евразия муҳим мешуморад.

Ба хотири татбиқи афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои бисёрҷонибаро бо шарикони худ дар сиғаҳои сегона  ва чаҳоргона  тақвияти бештар мебахшад ва аз ин саҳнаҳои муколамаи созанда ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва ҷустуҷӯи муштараки воситаҳои самарабахши муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир ба таври васеъ истифода мекунад.

3.3. Дипломатияи иқтисодӣ

Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ муҷиби аҳамияти беш аз пеш пайдо кардани дипломатияи иқтисодӣ ва пайваста афзудани нақши унсури иқтисодии масъалаҳои умдаи сиёсати байналмилалӣ гардиданд. Аз ин рӯ, истифодаи муассир ва самараноки тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд, мусоидат ба ташаккули иқтисодиёти самаранок тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин таъмини амнияти иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.

Ба мақсади густариши робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи иқтисодии хориҷӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ иҷрои вазифаҳои зерин зарур мебошанд:

- ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, таъмин ва тақвият бахшидан ба раванди воридшавии субъектҳои миллӣ ба фазои байналмилалии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва фаъолияти босамари онҳо  дар ин фазо;

- эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои таҳкими имкониятҳои иқтисодӣ ва тавсеаи зербинои иқтисодии кишвар;

- ҳамкорӣ ба мақсади ташаккули заминаҳои меъёриву ҳуқуқии рушди «иқтисоди сабз» , бо дарназардошти таҷрибаҳои муосири ҷаҳонӣ ва мавҷудияти шароити мусоиди он дар кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ дар ин соҳа;  

- мусоидат ба пайвастани кишвар ба зербинои байналмилалӣ ва минтақавии нақлиётӣ, энергетикӣ ва коммуникатсионӣ;

- таъмини шароити мусоиди тиҷоратӣ ва  ҳимояи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар доираи робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ;

- ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ширкатҳои давлативу тиҷоратии хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, энергетикӣ ва нақлиётии дорои аҳамияти минтақавӣ;

- таъмини иштироки фаъол дар кори Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷиҳати ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллии кишвар дар арсаи глобалии тиҷорат ва иқтисод;

- роҳандозии ҳамкории фарогир бо комиссияҳои иқтисодии минтақавии СММ,  ташкилотҳои мададрасони СММ дар раванди татбиқи Стратегияи миллии рушд бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди устувори кишвар;

- густариши ҳамкориҳо бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла бо Фонди байналмилалии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо,  Бонки исломии рушд, Бонки Рушди Евразия, Бонки сармоягузории Аврупо ва ғайра ҷиҳати дастрасии кишвар ба қарзҳои имтиёзнок ва маблағҳои молиявии грантӣ;

- мусоидат ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад чун василаи эҷоди  фазои эътимоду боварӣ дар дар тӯли марзҳои кишвар.

3.4. Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об

Бино ба афзоиши аҳолӣ, тавсеаи масоҳати заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳитзистӣ, масъалаи норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд.  

Дар ин самт, Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Тоҷикистон, чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад. Ба хусус, дар сатҳи минтақавӣ идомаи ҳамкориҳои созанда дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал муҳим арзёбӣ мегардад.    

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ барои истифодаи сарватҳои табиии худ, аз ҷумла захираҳои обии қаламраваш ҷиҳати рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳуқуқи комил дорад. Ин ҳуқуқи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва бар пояи принсипҳои накӯҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда амалӣ менамояд ва чун кишвари болооб ва манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об монеа эҷод намекунад. Бо дарназардошти ин мавқеи усулӣ, яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусоидат ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва саъю талош ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт дар рӯҳияи ҳамкориву мушорикати баробарнафъи минтақавӣ маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли  мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ мекунад.  Дар доираи ин дипломатия ва дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи марбут ба об («Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013»), ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, амалӣ намудани ибтикороти тоза дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, қабл аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ мешавад. Ҳадаф аз ин ибтикорот таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ  созгор аст.

3.5. Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона

Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва  давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии  башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархӯрди тамаддунҳо мегардад. Дар ин шароит яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии чунин дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона аст, ки он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд.

Расидан ба ҳадафҳои мазкури дипломатияи  фарҳангӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати хориҷии кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро тақозо мекунад:

- таҳкими пояҳои шартномавию ҳуқуқии робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ;

- ҳимояи фаъолонаи ҳуқуқ, манфиатҳо ва эътибори шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тавассути эҷоди заминаҳои фарогири ҳуқуқӣ ва тавсеаи ҳузури консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои иқомати шаҳрвандони кишвар дар хориҷа;    

- дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатии ҳамватанони бурунмарзӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба иттиҳоди ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳифзи вежагиҳои этнофарҳангӣ, аз ҷумла забони модарӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои кишварҳои будубоши онҳо;

- мусоидат ба фаъолияти созандаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ҷиҳати таҳкими робитаҳои кишвар бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби зарфиятҳои онҳо барои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва маънавиву фарҳангӣ, эҷоди ҳусни таваҷҷуҳ ва муносибати хайрхоҳона ба Тоҷикистон ва мардуми он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва доираҳои сиёсии байналмилалӣ;

- мусоидат ба фароҳам овардани шароити фарогиру муносиб барои будубош ва сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати рушди туризми байналмилалӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат;

- мусоидат ба роҳандозии муколамаи байни тамаддунҳо ва динҳо бо такя ба таҷриба ва саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули таҳаммулгароии динӣ ва тамаддунӣ.

3.6. Дипломатияи иттилоотӣ

Ба шарофати пешрафти бесобиқаи техника ва фановариҳои иттилоотиву телекоммуникатсионӣ дар даҳаи дуюми асри ХХI мафҳуми анъанавии фосилаи фазою вақт ва макону замон куллан тағйир пазируфта, навъи нави тамаддун – тамаддуни иттилоотӣ ташаккул меёбад. Ҷавҳари тамаддуни иттилоотиро интишор ва мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди васоити интернетӣ ва густариши алоқаи моҳворавӣ, коркарду пахши ахбору иттилоот ва зуҳуру инкишофи дипломатияи рақамӣ ташкил мекунад. Дар ин шароит фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии марказҳои қудрати дунёи муосир ва василаи муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст. Дар вусъати фазои иттилоотии ҷаҳонӣ дар баробари тамоюлҳои мусбати созанда, ки огоҳиро аз натиҷаҳои навтарини фаъолияти башарият таъмин мекунанд, ҳамчунин равандҳои манфии хатарзо барои амнияти иттилоотии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳуфтаанд. Бино бар ин, дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини амнияти иттилоотии кишварро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар доираи пайгирӣ ва татбиқи ин ҳадаф вазифаҳои зеринро ба иҷро мерасонад:

- таъмини дарки воқеӣ ва дақиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби доираҳои васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ;

- муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пешрафту комёбиҳои фарҳангӣ ва илмии он;

- ташвиқи фазои мусоиди кишвар барои сармоягузорӣ, ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ;

- мусоидат ба эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ дар хориҷа ҷиҳати шинохти мусбати Тоҷикистон;

- мусоидат ба тавсеаи имкониятҳои воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар фазои иттилоотии байналмилалӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкории фаъоли байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот;

- муқовимати саривақтӣ ва самаранок ба киберҷиноятҳо ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти таърихӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии халқи тоҷик.

Роҳандозии дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи истифодаи густурдаи имкониятҳои фановариҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ сурат мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таҳияи маҷмӯи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар мавриди таъмини амнияти иттилоотӣ ва риояи ҳамаҷонибаи он меъёрҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад.

4. Таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳияти конститутсионии худ самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян намуда, чун сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои конститутсионии худ фаъолияти қонунгузориро ҷиҳати таъмини самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии он  анҷом медиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии он ва намояндагии кишварро дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таъмин менамояд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳокимияти иҷроия идоракунии давлатиро дар бахши робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.

Вазорати корҳои хориҷӣ мустақиман раванди сиёсати хориҷиро амалӣ намуда, нақши ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистонро дар дохил ва берун аз кишвар дар мавриди масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ба уҳда дорад. Ҳамаи сохторҳои давлатӣ робитаҳои хориҷии худро ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд.

Ҳангоми таҳияи қарорҳо дар мавриди татбиқи сиёсати хориҷии давлат афкори ҷомеа аз тариқи ҳамкории мақомоти  ҳокимияти иҷроия бо Шӯро оид ба сиёсати хориҷӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад. Дар доираи Шӯрои мазкур масъалаҳои ҷараёни татбиқи сиёсати хориҷии кишвар, муҳокима ва таҳияи тавсияҳо оид ба беҳтар намудан ва баланд бардоштани самарабахшии он мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg