11.09.2021 16:30
10 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Арманистон дар Федератсияи Россия Вардан Тоганян мулоқот анҷом дод.
В.Тоганян ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзодаро табрик намуда, дар ин рисолати муҳим муваффақиятҳо орзӯ кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистонро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ҳамсуҳбатон оид ба масоили рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Сафирон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Арманистон иброз намуданд.