Муаррифии ҳунарҳои мардумии ширкатҳои Тоҷикистон дар Москва

16.01.2018 21:32

15 январи соли 2018 дар шаҳри Москва Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид, ки дар он ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пешниҳоди намунаҳои гуногуни маҳсулот иштирок доранд.
Дар рӯзи аввали намоишгоҳ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок карда, ҷиҳати дастгирии ширкатҳои ватанӣ мусоидат намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ширкати “Etnos Borld” бо навъҳои гуногуни ашъёи баландсифати сангину кордҳои нодир ва бренди “Buta”-и Нигора Насимова бо зиёда аз 20 номгӯи маҳсулоти рӯзгор аз атласу адрас, инчунин Мағозаи “туҳфаҳои аҷоиб”-и шаҳри Душанбе, дар ҳамоиши байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.
Ташкилкунандагони Намоишгоҳ барои муаррифиву фурӯши маҳсули дастони ҳунармандон то рӯзи 21-уми январ шароит фароҳам овардаанд. Яъне намоишгоҳи мазкур муддати як ҳафта ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Москва имконият медиҳад, то онҳо бо ҳунарҳои мардумии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистони куҳантаърих аз наздик ошно гардида, ҳамзамон молу маҳсулоти писандиаашонро харидорӣ намоянд.
Тамоми маҳсулоти ватании ба намоишгузошташуда дар сатҳи баланди касбӣ омода гардида, нисбати молҳои пешниҳоднамудаи дигар давлатҳо аз ҷиҳати сифату тарзи духт фарқкунанда аст.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҷиҳати рушду равнақ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Иштироки ҳунармандони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Москваро низ дар ин самт яке аз иқдомҳои зарурӣ ва саривақтӣ метавон арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg