2 феврали соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Роҳбари Агентии федералии сайёҳии Россия Олег Сафонов мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, масоили марбут ба таъмини шароити мусоид барои афзоиши шумораи сайёҳонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "Соли рушди сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ " эълон карданд.
И.Сатторов қайд кард, ки Россия яке аз шарикони авлавиятноки кишвари мо дар соҳаи сайёҳӣ мебошад ва Тоҷикистон дар зиёд намудани шумораи сайёҳон аз Россия ба Тоҷикистон, мубодилаи таҷриба дар ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар манфиатдор аст.
Дар навбати худ Роҳбари Агентии федералии сайёҳӣ ҳавасмандии ҷониби Россияро дар таҳкими алоқаҳо бо мақомоти соҳаи сайёҳии Тоҷикистон иброз намуд.
Инчунин табодули назар дар атрофи таҳкими минбаъдаи заминаи дуҷонибаи шартномавӣ- ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ сурат гирифт.
Дар анҷоми мулоқот баҳри таҳмики минбаъдаи робитаҳо байни Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Агентии федералии сайёҳӣ изҳори омодагӣ карда шуд.
Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР