21 феврали соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Россия мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо муовини Вазири фарҳанги
Федератсияи Россия Сергей Обривалин баргузор шуд.
Зимни мулоқот масоили муҳими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистону Россия, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия дар соли 2018, инчунин ба имзорасонии Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия барои солҳои 2018-2020, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба иштироки намояндагони мақомоти соҳавии Тоҷикистон дар чорабиниҳое, ки дар соли ҷорӣ дар Россияба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла Ҳамоиши фарҳангии ҷавонони кишварҳои ИДМ, Ҳамоиши шарқии иқтисодӣ, Фестивали байналмилалии “Интермузей” ва Ҳамоиши VII байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург, табодули афкор намуданд.