Раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ

05.03.2018 21:07

 2 марти соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 77-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ таҳти раисии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия/Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Имомуддин Сатторов ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа лоиҳаҳои Созишнома оид ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии давлатҳои аъзои ИДМ, Барномаи тадқиқотҳои илмӣ дар маҷмааи маводшиносии Қазоқистон барои солҳои 2018-2020, Созишнома дар бораи паҳн намудани ҳуҷҷатҳо оид ба стандартикунонии байнидавлатӣ, Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи рушди навоваронаи энергетика, Маҷмӯи амалҳои муштараки давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ, дар бораи мукофотҳои ИДМ барои комёбиҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо барои соли 2017 ва як қатор масъалаҳои ташкилию молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
Қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ моҳи июни соли ҷорӣ баргузор шавад.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg