19 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Сарвари давлати мо Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи навбатии президентӣ дар Федератсияи Россия сидқан табрик намуда, ба хотири рушду пешрафти Россияи дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиаш дастовардҳои нав ба нав орзу намуд.
Сарони ду давлат сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии кишварҳояшонро баланд арзёбӣ намуда, нисбати дурнамои густаришу тавсеаи онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ изҳори некбинӣ карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мебошад, сурат гирифт.
Қаблан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол кард.