Барқияи тасаллияти Президенти Тоҷикистон ба Президенти Россия

27.03.2018 20:39

26 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари сӯхтор дар маркази савдои шаҳри Кемерово, ки мӯҷиби ҳалок ва захмӣ шудани одамони зиёд гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллиёти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин хоҳони шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон расонед».

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

www.president.tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg