8-9 апрели соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров аз Россия боздиди расмӣ ба амал овард.
Дар доираи сафар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия баргузор шуд.
Зимни гуфтушунидҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Россия мавриди муҳокима қарор гирифт. Таваҷҷуҳи махсуси ҷонибҳо ба масоили татбиқи амалии санадҳое, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2017 ба имзо расида буданд, зоҳир гардид.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар натиҷаи сафар Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2018 ба имзо расид.