17 майи соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумита оид ба сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Россия Дмитрий Мезентсев баргузор гардид.
Зимни суҳбат роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаҳои муҳим табодули афкор сурат гирифт. Таваҷҷуҳи махсус ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахши истифодаи захираҳои обӣ равона гардид.
И.Сатторов ба ҷониби Россия дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», инчунин ҳадафҳо аз баргузории он, иттилоъ дод.
Д.Мезентсев итминон дод, ки ҷониби Россия дар Конфронси мазкур иштироки фаъол хоҳад кард.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси 2-юми умумироссиягии обро, ки 5-7 июни соли 2018 дар Москва барпо мегардад, муҳокима карданд.