Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Конгресси умумироссиягии об

06.06.2018 19:56

5 июни соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар Конгресси 2-юми умумироссиягии об иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар маросимии расмии кушодашавӣ Намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба масъалаҳои ҳифзи табиат, экология ва нақлиёт Сергей Иванов, Муовини аввали Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Николай Федоров, Директори иҷроияи Ассотсиатсияи таъминоти оби Россия Елена Довлатова ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ карданд.
Сафири Тоҷикистон И.Сатторов дар суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ба сифати як кишвари пешсаф дар баррасии масоили об ҷалб карда, ҳамзамон роҷеъ ба раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва ҳадафҳо аз баргузории он ибрози андеша намуд.
Дар ҷаласа вакилони Думаи давлатӣ ва аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия, намояндагони вазорату идораҳо, созмону муассисаҳои соҳавии Россия ширкат варзиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg