Бозгардонии кӯдакони ноболиғ аз Россия

30.07.2018 11:53

27 июли соли 2018 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия се нафар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.М.Ғ. (с.т. 01.11.2017), М.Я.Д. (с.т. 09.02.2018) ва Ш.А.Х. (с.т. 07.02.2015) тавассути Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргардонида шуданд.

Шаҳрвандони ноболиғи мазкур, ки дар нигоҳубини Мақомоти васоят ва парастории Федератсияи Россия қарор доштанд, ба намояндагони расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Аз ҷониби Сафорат ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳвили минбаъдаи кӯдакон ба Ватан фаврӣ анҷом дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргардонидани онҳо ба Ватан мунтазам чораҳои муассир меандешад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg