Фарҳанг

06.04.2021 17:05

Фарҳанги пурғановати  Тоҷикистон порае  аз  анъанаҳои  бостонии шарқист. Дар ҳама давру замонҳо тоҷикон ба эҷоду эҷодкорӣ ва илму маърифат ҳусни таваҷҷуҳ доштанд.

Таърихи халқи тоҷик дар  умқи солҳо реша дорад. Инро қадимтарин бозёфтҳои аз қаламрави Тоҷикистони муосир пайдогардида тасдиқ мекунанд. Кашфи аввалин пайкараҳои асри сангӣ дар Тоҷикистон, дар соли 1965, боиси ҳангомаҳои зиёд шуд. Дар қаламрави кишвар 60 макони дорои олоти сангин кашф гардидаанд. Дар ин маконҳо, ки дар баландии беш аз 4200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, зиёда аз 10 ҳазор намуди маҳсулоти аз санг омодашуда пайдо шудаанд. Онҳо бо асбобҳои калон, аз қабили скребелҳо ва асбобҳои чокдор ҳаккокӣ гардидаанд ва  таҷассумгари давраи палеолит мебошанд. Ёдгориҳои сангӣ асосан ба асрҳои 8-5-уми пеш аз мелод тааллуқ доранд. Кандакориҳои сангӣ ё петроглифҳо, ҳайкалҳои ҳайвонот, шаклҳои одамон ва амсоли онҳо мисли як асари мукаммал аз хеле бостонӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. То ба имрӯз беш аз 10 ҳазор нақши рӯи сангҳо дар кишвари мо ёфт гардидаанд. Дар бораи кӯҳҳову водиҳои Тоҷикистон ва мардумони маскуни онҳо  дар маъхазҳои бостонии муаллифон Плиний ва Птолемей зикр шудааст. Сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло дар бораи сафарҳои худ ба як қисми кӯҳистони Тоҷикистон-Помир асари калоне навиштааст.

Муҳимтарин ёдгориҳои санъати  меъмории қадимаи кишвар мақбараҳои асрҳои 11-14 мебошанд, ки аз ҷумла дар мавзеҳои Мазори Шариф, водии Ҳисор, Истаравшан ҷойгиранд. Мавҷудияти масҷидҳои куҳан далели аз  аҳли дини ислом будани тоҷикон мебошад. То замони тохтутози  араб дар ин ҷо динҳои зардуштӣ, манихейӣ, буддоӣ ва ҳиндуӣ вуҷуд доштаанд. Баъдтар  ҳамаи ин динҳоро дини ислом иваз кардааст.  

Дар ибтидои асри 9 тамоюли худмуайянкунии миллии мардум шурӯъ шуд.  Аввалин давлатдории тоҷикон бо номи Давлати Сомониён ёд мешавад. Пойтахти он шаҳри Бухоро буду  асосгузораш Исмоили Сомонӣ аз сулолаи Сомониён.

Тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Онҳо ба олам шоирони барҷаста, олимон, файласуфон ва меъморонро додаанд, ки осорашон арзиши ҷаҳониро дорад. Эҷодиёти саршори маънои Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, “Ал-Қонун”-и Ибни Сино, ашъори дилписанди Хайём, Румӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар устодони сухан ба ин  мисол шуда метавонанд. Асарҳои фалсафии олимони шинохта Ал-Хоразмӣ, Ал-Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, асарҳои мусиқавию санъати тасвирии Борбад, Монӣ, Беҳзод  ва дигар нобиғагони тоҷик барои мардуми олам шиносанд.

Тоҷикистон аз қадим дар масири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим қарор дошт, ки Шарқ ва Ғарбро ба ҳам мепайваст. Шоҳроҳи Бузурги Абрешим на танҳо барои мубодилаи мол хизмат мекард, балки дар табодули афкору фарҳанги мардумони кишварҳо нақши калон дошт. Бо истифодабарӣ аз он як ҷомеаи мутамаддини фарҳангӣ ба вуҷуд омад, ки дар худ ҳам фарҳанги шарқӣ дошту ҳам ғарбӣ.  Дар мубодилаи мол аз тариқи Роҳи Бузурги Абрешим маҳсулоти  аз ҷониби ҳунармандони суғдӣ сохташуда хеле ҷолиб ба назар мерасад. Аз таърих маълум аст, ки соли 718 суғдиёни ҳунарманд ба Чин колчуг ном зиреҳеро ҳадя кардаанд, ки чиниён аз рӯи он нусхабардорӣ карда, зиреҳи бисёр сохтанд ва ба тамоми ҷанговаронашон тақсим карданд. Ҷавоҳирот, инчунин маҳсулоти аз чарм  ва абрешим сохтаи суғдиён низ хеле бозоргир будаанд. Чорвои тоҷикӣ, махсусан аспҳои бодпо хориҷиёнро дар ҳайрат мемондаанд. Аммо меваҳои тиллоранги Суғд шуҳрати Тоҷикистонро боз ҳам болотар бардоштаанд.  

С.Айнӣ вориси анъанаҳо ва ҳамзамон асосгузори адабиёти нави тоҷик гардид. Ӯ паҳлӯҳои гуногуни таърих, ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабии халқи кӯҳанбунёди тоҷикро равшан намуд. Ҳаёти фарҳангии муосири Тоҷикистон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, театри драмавии тоҷикии ба номи А.Лоҳути, Театри драмавии русӣ, Академияи илмҳо, донишгоҳҳои давлатӣ, музейҳои таърихӣ, музейҳои санъати тасвирӣ, боғҳои ботаникӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ таҷассум ёфтааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg