Иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2020

06.04.2021 16:25

Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва тадбирҳои Ҳукумати кишвар оид ба пешгирии таъсири пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2020

Дар соли 2020 паҳншавии пандемияи коронавирус ба таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ, коҳишёбии савдо ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ оварда расонид. Да аксари кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси СOVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёт амалӣ гардиданд. Аммо, сарфи назар аз чораҳо ва кӯшишҳои андешида аксарияти кишварҳо, аз ҷумла шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2020 ба таназзули иқтисодӣ дучор гардиданд. Бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ амалӣ гардиданд.

Аз ҷумла нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси СOVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ аз 19 марти соли 2020 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Ҷиҳати дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон, табақаҳои аҳолии осебпазир ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020 ба тасвиб расид. Дар асоси супориши муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати кишвар аз 16 апрели соли 2020 дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошка дар кишти асосӣ ва такрорӣ бо назардошти 40 фоиз зиёд намудан 72,9 ҳазор гектар ва 60 фоиз зиёд намудани кишти такрории зироатҳои ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон дар маҷмӯъ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 185,9 ҳазор гектар пешбинӣ шуд. Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби маблағҳо ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани таъсири иқтисодию иҷтимоии пандемияи коронавирус COVID-19 ба кишвар аз институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок ҷалб гардиданд.

Аз ҷумла аз Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) 189,5 млн. доллар қарзи бефоиз, Фонди Авруосиёгии Стабилизатсионӣ ва Рушд 50 млн. доллар қарз, Бонки Осиёи Рушд 122,5 млн. доллар грант, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 млн. доллар грант, Бонки Исломии Рушд 9,4 млн. доллар ва Ҳукумати Олмон 1 млн. евро дар маҷмӯъ зиёда аз 384,3 млн. доллар ҷалб карда шуд. Аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо созишномаҳои грантӣ бо Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони НБО «Себзор» ба маблағи 18,6 млн. евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ва 17 млн. евро аз ҳисоби Ҳукумати Германия ба имзо расида, аз ҷониби муовини якуми Сарвазир муҳтарам Давлаталӣ Саид созишномаи грантӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 112 млн. евро, ки ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо равона мегардад, ба имзо расид. Инчунин вазорат ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷудо намудани 19,2 млн. евро ва бахшидани 17 млн. евро бақияи қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои лоиҳаи «Иваз кардани таҷҳизоти тақсимкунии 220кВ дар НБО-и Норак» корбарӣ дорад. Рӯзи 28 июли соли 2020 тариқи видеоконфронс ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он бо назардошти таъмин намудани устувории макроиқтисодӣ, иҷро шудани шартҳои гузошташуда ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавируси COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ роҳбарияти вазорат аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати мусоидат намудан барои дастгирии буҷети давлатӣ изҳори хоҳиш намуданд.

Дар кори ҷаласа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 360 миллион евро грант ҷудо мегардад. Дар доираи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат 8 декабри соли 2020 ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб-Мӯъминобод, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ, Бинои нави Парламент, маҷмааи ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти мунтазами «Ширкати кӯҳи саноатии Тоҷикистону Хитой» чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар натиҷаи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии кишвар аллакай зиёда аз 1000 мутахассисони хитойӣ барои таъмини корҳои лоиҳаҳои қайдгардида ҷалб шуда, фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бо пандемияи коронавирус дар кишвар ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молия ба санаи 31 декабри соли 2020 30 млн. сомонӣ, 514,4 ҳазор доллар ва 25 ҳазор рубли русӣ маблағҳои хайриявӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони ватандӯсту саховатманди ватанию хориҷӣ ворид гардидааст. Дар соли 2020 паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон, пастшавии назарраси нархи нафт ва молҳои содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва беқурбшавии асъори миллии шарикони асосии тиҷоратии кишвар, бахусус Россия ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ бетаъсир намонд. Дар баробари ин дар натиҷаи тадбирҳои зиддибӯҳронии қайдгардида зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот ба мушоҳида расид, ки ин барои таъмини рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа тибқи маълумоти пешакии оморӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 82,5 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (7,5 фоиз) 3 банди фоизӣ кам аст. Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз ва кишоварзӣ 8,8 фоиз таъмин гардид.

Суръати афзоиш аз ҳисоби зиёдшавии саноати коркард (117,4 фоиз) ва таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво (100,9 фоиз) таъмин гардид. Дар ин давра коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ 4,3 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастарасии коркарди дуюмдараҷа 7,3 фоиз мушоҳида гардид. Бо вуҷуди ин таҳти таъсири омилҳои берунӣ дар соли 2020 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, воридот 5,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз (аз ҷумла аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ 5,5 фоиз ва манбаъҳои хориҷӣ 8,1 фоиз), мусофиркашонӣ 2,5 фоиз ва боркашонӣ 0,3 фоиз паст шуд. Аз ҳаҷми маблағҳои асосии дар ин давра азхудшуда 5686,9 млн. сомонӣ (49 фоиз) маблағҳои буҷети давлатӣ, 2789,6 млн сомонӣ (24,0 фоиз) сармояи хориҷӣ, 1496,7 млн. сомонӣ (12,9 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ ва 1643,7 млн. сомонӣ (14,1 фоиз)-ро дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳад. Коҳишёбии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ дида мешавад, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба соли 2019-ум мутаносибан 5,5 фоиз ё 315,1 млн. сомонӣ ва 8,1 фоиз ё 237,2 млн. сомонӣ кам мебошад. Тибқи маълумоти пешакии оморӣ дар соли 2020 сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таваррум дар натиҷаи таъсири омилҳои вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус, афзоиши нархҳо дар давлатҳои шарикони тиҷоратии кишвар ва беқурбшавии пул асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст.

Зиёдшавии нархҳои молҳои ғайриозуқа аз ҳисоби болоравии маводҳои шустушӯӣ 10,1 фоиз, масолеҳи бинокорӣ 8,0 фоиз, доруворӣ 7,8 фоиз, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт 6,6 фоиз, матоъҳо 5,1 фоиз, гази моеъ 4,2 фоиз, пойафзол 4,8 фоиз ва либос 4,3 фоиз ба миён омадааст. Ҳамзамон дар давоми соли 2020 пастравии нархи сӯзишвории дизелӣ 17,2 фоиз ва бензин 13,8 фоиз ба қайд гирифта шудааст. Афзоиши арзиши хизматрасониҳои пулакӣ аз ҳисоби боло рафтани арзиши хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ 30 фоиз ва маишӣ 6,7 фоиз ба амал омадааст. Омили асосии таъсиррасон ба сатҳи таваррум ин болоравии нархи молҳои озуқаворӣ мебошад ва дар сохтори хароҷот аз рӯи нишондиҳандаҳои буҷети хонаводаҳо ҳиссаи молҳои озуқа қариб 60 фоизро ташкил медиҳад. Баландшавии нархҳои маҳсулоти озуқа дар соли 2020 асосан аз ҳисоби болоравии нархи орди навъи якум ба андозаи 16,4 фоиз, гӯшти гов 6,2 фоиз, равғани растанӣ 42,6 фоиз, шакар 40,7 фоиз, макарон 30 фоиз, тухм 18,9 фоиз ва картошка 19,8 фоиз ба миён омад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бозорҳои кишвар дар давоми сол нархи баъзе маҳсулоти озуқаворӣ махсусан, нархи маҳсулоти тайёр ва ашёи хоми воридотӣ барои истеҳсоли молҳои озуқа ба таври назаррас боло рафтааст. Яке аз сабабҳои асосии афзоиши нархи орд ин болоравии арзиши гандум дар давлатҳои истеҳсолкунанда мебошад, зеро нархи миёнаи воридотии як тонна гандум дар давраи ҳисоботӣ 243 долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 доллар афзоиш ёфтааст. Инчунин зиёдшавии нархи ашёи хом ва маҳсулоти тайёри равғани офтобпараст дар кишварҳои истеҳсолшаванда дар соли 2020 ба назар расида, нархи миёнаи воридотии як тонна равған ба Тоҷикистон 54 доллар афзоиш ёфт.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти кам кардани паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ натиҷабахш мебошанд. Зеро дар мавриди сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибӯҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2020 эҳтимол ба 2,0 фоиз ба ҷои 4,5 фоиз баробар мешуд. Бояд қайд кард, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор тадбирҳои зиддибӯҳронии андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба дигар кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намудааст. Айни замон аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg