Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия бо Ректори Академияи дипломатӣ

03.10.2019 18:11

04-10-19-10.jpg

2 октябри соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия И.М. Сатторов бо Ректори навтаъини Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия А.Я. Яковенко мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот табодули афкор роҷеъ ба таҷрибаи мутақобилан судманди ҳамкориҳои чандинсола дар ҳошияи барномаҳои таълимии бакалавриат, магистратура ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ дар Академияи дипломатӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба идомаи ҳамкорӣ дар самти муҳайё намудани шароити муносиб барои корҳои илмӣ-таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо афзудани теъдоди хоҳишмандон аз Тоҷикистонро барои таҳсил дар Академияи дипломатӣ бо қаноатмандӣ арзёбӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки имрӯз, дар Академияи дипломатӣ зиёда аз 30 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар ин хусус, методҳои муосири таълимот дар Академияи дипломатӣ ва шароити зарурӣ барои таҳсил фароҳам овардашуда қайд гардид.

А.В. Яковенко қайд намуд, ки дар дурнамои наздик, роҳбарияти Академияи Дипломатӣ тасмим гирифтааст, ки дар ҳошияи барномаҳои таълимии Академияи дипломатӣ омӯзиши фосилавиро тариқи технологияҳои муосир ва ҷалби бештари донишҷӯёнро ба чунин воситаҳои гирифтани таълимот ба роҳ монанд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки зиёд намудани курсҳои таълимии такмили ихтиссоси дипломатҳои ҷавони кишварҳои ИДМ дар Академияи дипломатӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳошияи ҳамкории Академияи дипломатӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Россия зикр гардид, ки дар оянда вохурию суҳбатҳои сафирон ва дигар дипломатҳои таҷрибадор бо донишҷӯёни Академияи дипломатӣ ташкил карда мешавад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва умед ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg