Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия бо Директори генералии Росгеология

08.10.2019 18:04

08-10-19-1.jpg

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия И.М Сатторов бо Директори генералии Ширкати геологии Россия, Раиси Раёсати ҶС «Росгеология» С. Н. Горков мулоқот намуд.

Зимни сӯҳбат, ҷонибҳо, роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи геология, геодезия ва канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Ҳамзамон, дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ширкати холдингии ҶС «Росгеология» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

С. Н. Горков низ манфиатдорӣ аз идомаи ҳамкории ҶС «Росгеология» бо мақомоти соҳавии Тоҷикистонро изҳор дошт. Ҳамчунин, зикр гардид, ки корҳои вобаста ба коркарду истеҳсоли манобеъи маъданӣ ва металлҳои қимматбаҳо бояд фаъол карда шаванд.

Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо муҳимияти рушди минбаъдаи равобити мутақобила ва ҳамкории муфидро дар соҳаи геология ва геодезия иброз намуданд.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg