Сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон

07.11.2019 17:37

04-11-19-1.jpg

4 ноябри соли 2019 сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Ҷумҳурии Арманистон баргузор шуд.

Дар доираи сафари мазкур мулоқотҳои Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян ва Раиси Маҷлиси миллии он кишвар Арарат Мирзоян доир гардид, ки дар онҳо ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон бо иқомат дар ш.Москва Имомуддин Сатторов иштирок дошт.

Дар рафти мулоқотҳо ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Арманистон ва робитаҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро марвиди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин роҷеъ ба баъзе масъалаҳои муҳими рузномаи муносибатҳои байналмилалию минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зимнан, таъоҳуди тарафайн ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи равобити байнипарламентӣ, инчунин рушди ҳамкории фарогир дар соҳаҳои иқтисодӣ, аз он ҷумла дар бахши саноати ғизоӣ иброз гардид.

Зимни музокирот ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, фановарии навин, молия ва бонкдорӣ ибрози назар карда шуд. Зарурати густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории Рузҳои фарҳанги кишварҳо дар пойтахтҳои якдигар таъкид гардид.

Тибқи барномаи сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо Роҳбари руҳониёни Арманистон ва тамоми арманиҳо, Патриарх Гарегини II вохурӣ анҷом дод. Дар суҳбат роҷеъ ба зарурати тақвияти муколамаи доимӣ миёни тамаддунҳо ва дину фарҳангҳо дар ҷаҳони муосир бо мақсади дарки арзишҳои умумибашарӣ, инчунин арҷгузорӣ ба фарҳангҳои гуногун ва мероси онҳо, табодули афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg