
13 ноябри соли 2019 кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар маҳали Сахароваи шаҳри Москва боздид ба амал оварда, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муассиса шинос гардиданд.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти муассисаи мазкур масъалаҳои таҳияи фаврии ҳуҷҷатнигорӣ ва фиристодани шаҳрвандони боздоштшуда ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кормандони Хадамоти консулии Сафорат бо саволҳои шаҳрвандон посух дода, ба онҳо машваратҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба ҳозирин оид ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот пешниҳод шуд.
Дар рафти боздид ба шаҳравандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи мазкур 162 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз он ба 140 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон таҳия гардид. Ашхоси боқимонда баъд аз ба танзим овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.
Фаъолият дар самти кор бо шаҳрвандон ва пайгирии шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда, дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешавад.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия