
13 ноябри соли 2019 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Австралия дар Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Москва Грэм Михан барпо шуд.
Зимни мулоқот, дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.
И. Сатторов қайд намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир барои рушди соҳаҳои гидроэнергетика, энергияи алтернативӣ, саноат, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам аст.
Г. Михан дар навбати худ бо назардошти рушди соҳаи кишоварзии кишвараш, пешниҳод намуд, ки ҷонибҳо метавонанд ҳамкориро дар самти мазкур тавсеа дода, аз имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ низ мубодилаи афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия