6 декабри соли 2019 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.
Рӯзномаи ҷаласа фарогири масъалаҳое буд, ки барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодии давлатҳо дар доираи Иттиҳод пешбинӣ гардиданд.
Ҷонибҳо оид ба дурнамои таҳким ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ дар минтақа табодули афкор намуда, лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030-ро, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия ва саъю талошҳо баҳри фаъол кардани ҳамкориҳо дар самти навоварӣ ва фановарии сарфаҷӯёнаи нерӯ таҳия гардидааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа масъалаҳои роҷеъ ба лоиҳаи Дурнамои истеҳсол ва истеъмоли захираҳои энергетикии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030, татбиқи қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар бораи Консепсияи ташкили сиёсати мувофиқашудаи тарофавӣ оид ба нақлиёти роҳи оҳан миёни давлатҳои ИДМ аз 18 октябри соли 1996 ва сиёсати тарофавии роҳи оҳан барои соли 2019, лоиҳаи нусхаи нави Низомнома дар бораи озмун барои Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифатнокии маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин татбиқи феҳристи лоиҳаҳои таҷрибавии барномаҳои байнидавлатии ҳамкориҳо дар бахши навоварӣ барои давраи то соли 2020 муҳокима шуд.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзнома, қарорҳои дахлдори Шӯрои иқтисодии ИДМ қабул гардид.