Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Россия

05.02.2021 11:12

05-02.jpg

5 феврали соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И.М.Сатторов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия А.Ю.Руденко баргузор гардид.
Зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар ҳошияи омодагӣ ба ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия (Москва, 8-9 феврали соли 2021) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди паёмадҳои пандемия баррасӣ карданд.
Дар фарҷоми сӯҳбат, ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷӯҳ иброз намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg