
19 феврали соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷавод Саид Тайиб баргузор гардид.
И.Сатторов ҳамтои худро ба муносибати таъйин шудан ба мақоми баланди масъулиятнок табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои ин рисолати боифтихор муваффақиятҳо таманно намуд.
Роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва Афғонистон роҷеъ ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот инчунин масоили таҳкими бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини амният ва муборизаи муштарак бар зидди чолишҳо ва таҳдидҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карданд.
Дар фарҷоми мулоқот, Имомуддин Сатторов ва Ҷавод Саид Тайиб омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳои ду кишвари бародар дар соҳаҳои гуногун иброз намуданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия.