Иштироки Сафири Тоҷикистон дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни "Донишҷӯи сол-2020"

09.02.2021 11:00

1.jpg

7 феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни "Донишҷӯи сол-2020" баргузор гардид.
Қисми расмии чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов оғоз гардид.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон зимни баромадаш ғолибони озмунро табрик намуда, нақши назарраси ҷавононро дар рушду нумӯи минбаъдаи кишварамон таъкид кард. Ҳамзамон И.Сатторов аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳоро барои бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон маънидод кард.
Дар ин замина қайд гардид, ки чорабинии имрӯза ба таври возеҳ собит месозад, ки ҷавонони тоҷик истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатро қадр намуда, барои гузоштани саҳми муассири худ дар рушди фарогири минбаъдаи Тоҷикистон омода мебошанд.
Боиси тазаккур аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон дар мусоидат бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия доир гардид. Ин чорабинӣ соли чорум аст, ки бо иштироки фаъолонаи ҷавонони тоҷик, донишҷӯён ва аспирантони донишгоҳҳои Россия (Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Н.П.Огарева, Донишгоҳи давлатии саноатии Сибир, Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа, Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Академияи таълими иҷтимоӣ, Донишгоҳи давлатии Кемерово, Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва, Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Қазон", Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва, Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск, Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқирдистон, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва муҳандисии Қазон, Донишгоҳи давлатии техникии Астрахан, Донишгоҳи давлатии аграрии Красноярск , Донишгоҳи давлатии Астрахан, Донишкадаи ҳуқуқшиносии Хадамоти федералии иҷрои ҷазо, Донишгоҳи нақлиёти Россия, Академияи ҳарбии алоқаи ба номи Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ С.М.Будённий) баргузор мегардад.
Имсол ҷоизаҳо аз рӯи 7 номинатсия – “Шахсияти эҷодии сол”, “Донишманди ҷавони сол”, “Табиби сол”, “Варзишгари сол”, “Шахсияти ВАО”, “Дипломати сол”, “Ризокори (волонтер) сол" ва Гран-при супорида шуданд.
Ғолиби озмуни "Донишҷӯи сол-2020" магистри курси 2-юми Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва муҳандисии шаҳри Қазон Зариф Мирзозариф дониста шуд.
Чорабинӣ бо барномаи ҷолибу рангини консертӣ идома ёфта, тамошобинон аз ҳунарнамоии гурӯҳҳои эҷодии донишҷӯёни тоҷик баҳравар шуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg