
16 феврали соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар мулоқоти Вазири варзиши Федератсияи Россия Олег Матитсин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви ИДМ дар Федератсияи Россия иштирок намуд.
Зимни сӯҳбат роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи варзиш, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ба таваҷҷуҳи иштирокчиён маълумот роҷеъ ба раванди омодагирӣ ба Бозиҳои I ИДМ, ки баргузориаш 4-11 сентябри соли 2021 дар ш. Қазон дар назар аст, пешкаш гардид.
Мусобиқаҳои варзишӣ фарогири 16 намуди варзиш буда, иштироки беш аз ду ҳазор варзишгар аз кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шудааст.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия