
25 феврали соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии рушд Николай Подгузов баргузор гардид.
Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Авруосиёии рушд дар соли 2021 ва дурнамои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт баррасӣ шуданд.