Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.01.2021 09:13

IMG-8752.jpg

26 январи соли 2021 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия пахши мустақими телевизионии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар ҷамъомади мазкур барои тамошои Паёми Пешвои миллат, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунунии рушди кишварро мавриди арзёбӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро барои соли 2021 муайян намуд.

Пас аз пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов баҳри татбиқи амалии ҳидоят ва супоришҳои Пешвои миллат, дар назди кормандони Сафорат ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вазифаҳои мушаххасро вогузор намуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg