Машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии СААД

02.06.2026 08:38

1 июни соли 2026 дар шаҳри Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо иштироки муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода баргузор шуд.

Зимни машваратҳо намояндагони мақомоти сиёсати хориҷӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи дарпешистодаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ СААД-ро баррасӣ намуданд.   

Ҳамчунин ҷонибҳо перомуни рушду таҳкими минбаъдаи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмон табодули афкор анҷом доданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg