Ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ

22.05.2026 15:35

22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт–Петербурги Федератсияи Русия мегузарад, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки барои вакилони парлумони мо иштирок дар кори Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамеша имконияти муҳим барои саҳм гузоштан дар таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ, рушди эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни давлатҳо мебошад.

Баён шуд, ки ин ҷаласа дар доираи Соли ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки ба рӯзномаи мо мазмуни амиқи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мебахшад. Интихоби ин мавзуъ ҳамчун самти афзалиятноки умумӣ дар фазои Иттиҳод бозгӯи дарки умумии он аст, ки саломатии инсон арзиши асосӣ ва пояи рушди устувори ҳар давлат мебошад.

Таъкид шуд, ки солҳои охир давлатҳои мо бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ рӯ ба рӯ шуданд. Кофист пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои дарозмуддати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии онро барои кишварҳоямон ба ёд орем. Ин мушкилот нишон доданд, ки самаранокии низомҳои миллии тандурустӣ на танҳо аз захираҳои иқтисодӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, балки аз сатҳи танзими қонунгузорӣ низ вобастагии зиёд дорад.

«Маҳз дар сатҳи қонунгузорӣ асосҳои ҳуқуқие муайян карда мешаванд, ки дастрасии ёрии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, рушди тиббӣ-профилактикӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва таъмини имконияти баробар барои ҳамаи қишрҳои аҳолиро муайян месозанд» — гуфта шуд дар ҷаласа.

https://khovar.tj/2026/05/fajzal-idizoda-dar-alasai-shuroi-assambleyai-bajniparlumonii-idm-ishtirok-namud/

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg