Конфронси байналмилалӣ оид ба муаррифии “Устувонаи Куруши Кабир”

20.05.2026 17:27

20 майи соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Конфронси байналмилалӣ оид ба муаррифии "Устувонаи Куруши Кабир” баргузор гардид, ки дар он доираи васеи донишмандон, олимону муҳаққиқон, нависандагон, пажӯҳишгарони Россия, корпуси дипломатии муқими Москва, инчунин ҳамватанон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ, мушовири Сафорат Асламзода Муродбек қайд намуд, ки аз ЮНЕСКО қабул гардидани қатъномаи махсус, эътирофи он аст, ки “Устувонаи Куруши Кабир” ҳамчун аввалин сарчашмаи таърихию ҳуқуқӣ барои ташаккули дигар тамаддунҳо оид ба ӯ ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсиргузор буд.

Дар чорабинӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Саломиён Муҳаммаддовуд (тариқи маҷозӣ), директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Аликбер Аликберов, котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон (тариқи маҷозӣ), мушовири Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Россия Масуд Аҳмадванд ва дигар пажуҳишгарон маърӯза намуданд.

Баромадкунандагон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла шахсияти Куруши Кабир ҳамчун асосгузори аввалин империяи ҷаҳонӣ, нақши Устувонаи ӯ барои тамаддунҳо, нашъу намои ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва озодии виҷдон, инчунин аҳамияти таърихию башарии ин санад дар замони муосир мубодилаи афкор намуданд.

Қобили қайд аст, 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул намуда буд. 

Қатънома аҳаммияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш”-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.

Ташаббуси мазкур тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ" ироа гардида буд, пешбарӣ шуд.

Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон ҷонибдорӣ ёфта буд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg