7 майи соли 2026 Сафир бо Сафири Ҷумҳурии Кипр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Кипрос Йоргаллис мулоқот доир намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба омодасозии сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос ба Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.
