Баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ ба Ватан

30.04.2026 08:07

29 апрели соли 2026 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ду нафар ноболиғон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия беназорат қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Иқдоми мазкур, дар ҳамкорӣ бо раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии худ ба роҳ монда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg