Иштироки муовини вазир дар машваратҳо дар чорчӯби СҲШ

24.04.2026 18:25

24 апрели соли 2026 дар шаҳри Москва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар машваратҳои навбатӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд.

Зимни машваратҳо оид ба амалҳои муштараки давлатҳои узви СҲШ дар самти муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ дар паҳнои Созмон, инчунин оид ба ҳамкориҳои байналмилалии СҲШ ва такмил додани фаъолияти он табодули афкор сурат гирифт.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ аҳаммияти татбиқи минбаъдаи амалии мувофиқаҳои бадастомада ва такмил додани абзорҳои ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда, аз ҷумла пешбурди фаъоли масъалаҳои марбут ба таъсис додани Маркази зиддимухаддироти СҲШ дар шаҳри Душанберо қайд кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg